Коронавирус ба ҳуқуқи хабарнигорони тоҷик ҳам "сироят" кард
Тағйироти тоза ба қонун, ки ҷазо “барои пахши ахбори ғалат” дар бораи пандемияро пешбинӣ мекунад аз сӯи ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ба вокунишҳои тунд ру ба ру шуд.
Бисёриҳо гуфтанд, мақомот аз ин роҳ мехоҳанд, ҷомеаро аз иттилои алтернативӣ дар бораи коронавирус маҳрум кунанд ва шароити ҷазо додани рӯзноманигорони мустақилро осонтар кунанд. Мақомоти расмӣ мегӯянд, ҳадафашон пешгирӣ аз пахши хабарҳое аст, ки ба ҷомеа зарар мерасонад.
Тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмуриро вакилони Маҷлиси намояндагон рӯзи 10-уми июн ворид карданд. Дар сурати тасвиб дар Маҷлиси миллӣ ва ҳукми иҷро гирифтани тарҳ, дар Тоҷикистон барои пахши ахбори ғалат дар бораи бемории ҳамагир дар расонаҳо ва интернетӣ "гунаҳкор"- ро аз 580 то 11 600 сомонӣ ҷарима мекунанд.
Тасвиби тарҳ дар порлумон, ки бе огоҳии қаблии ҷомеа сурат гирифт аз сӯи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ ба интиқод рубарӯ шуд. Аз ҷумла Созмони Гузоришгарони Бидуни Марз дар изҳороте гуфт, таъйини ҷарима барои ба истилоҳ нашри хабарҳои носаҳеҳ ё дурӯғ дар бораи коронавирус "ба озодии баён осеб мерасонад".
Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёвари раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар умури робита бо ҷомеа мегӯяд, чунин сарусадо асос надоранд. Ба таъкиди Раҳмонзода, “ҳеч гуна саркӯб кардани шахсони озодандеш нест. Балки пеш аз ҳама пешгирии бемории COVID-19 аст, ҳадаф ҳарчӣ тезтар мардум аз ин беморӣ шифо ёбанд ва фазо дар муҳити Тоҷикистон хуб шавад то кору фаъолияташон пеш равад.”
Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ назари дигар доранд ва мегӯянд, қабули чунин тарҳ зарбаи дигаре ба озодии баён аст.
Вақте ба хабарнигор иттилоъ намедиҳанд
Ойниҳол Бобоназарова, ҳомии ҳуқуқи шинохта мепурсад, вақте мақомот бо рӯзноманигорон вохӯрӣ намекунанд, ба суолҳои онҳо намехоҳанд посух диҳанд, “хабарнигор аз куҷо бояд аниқ бигӯяд?” Ба таъкиди хонум Бобоназарова, пайомади аввали таъйин кардани ҷарима барои ахбори нодуруст, ин бештар шудани худсензурӣ дар миёни рӯзноманигорони тоҷик аст. Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт: "Журналистон ҳаракат мекунанд, ки худсензура кунанд. Чун додгоҳҳо мустақил нестанд ва аксар вақт ҷониби мақоми расмиро мегиранд. Вакилони дифои мустақил ҳам дигар намондаанд, то аз ҳуқуқи рӯзноманигорон ҳимоя кунанд. Дар чунин вазъ барои рӯзноманигор як роҳ мемонад, ки он ҳам худсензура аст”.
Таҷрибаи қабули қонунҳои монанд ба ин пештар дар Русия буд. Қонунгузорони рус дар оғози моҳи апрел барои пахши ахбори носаҳеҳ дар бораи коронавирус ҷазо пешбинӣ карданд ва то ин вақт чанд нафар ҳам бар асоси он ҷазо гирифт. Бархе корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам навиштанд, қонунгузорони Тоҷикистон ин бор ҳам аз Русия “нусхабардорӣ карданд.”
Нуриддин Қаршибоев, роҳбари Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон мегӯяд, агар мақомот воқеан мехоҳанд, бо маълумоти дурӯғ мубориза баранд, пас ирсоли маълумоти расмиро зиёдтар кунанд. “Мақсад аз тағйирот пеш аз ҳама маҳдуд кардани дастрасӣ ба иттилоот аст. Қаблан ин гуна кӯшишҳо буданд. Агар ин қонун қабул ва аз ҷониби президент имзо шавад, масъалаи дастрасӣ ба иттилоъ боз ҳам мушкилтар хоҳад шуд. Воқеияти Тоҷикистон ин аст, ки аз оғози пандемия пинҳонкорӣ аз ҷониби мақомот баръало ба назар мерасид ва то имрӯз кӯшиши пинҳон доштани маълумотеро доранд, ки барои саломатии мардум муҳим аст”- мегӯяд Нуриддин Қаршибоев.
Иттилои дуруст кадом аст - ҳарфи мақомот ё манбаъ?
Нуктаи аз ҳама баҳсбарангези тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ норӯшан будани лоиҳа аст. Дар ҷаласаи порлумон шарҳ дода нашуд, ки далели ҷарима барои иттилоърасонӣ дар бораи коронавируси нав чист, вале як нафари огоҳ аз масъала гуфт, "мехоҳанд, нашри хабарҳоро дар бораи гирифторон ва қурбониёни бемории ҳамагир контрол кунанд." Рӯзноманигорон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ мегӯянд, номуайянӣ дар тарҳ, ки шарҳи дақиқи иттилои дуруст ва ғалат дар бораи коронавирусро пешбинӣ накардааст, метавонад боиси сӯистифода аз он шавад.
Ба таъкиди Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақил, ҷомеаи хабарнигорӣ ҳоло нигаронанд, ки ҳамин духӯрагӣ боис мешавад, рӯзноманигорон интихобан муҷозот шаванд. Қаршибоев афзуд, агар мақомот иттилои расонаеро нодуруст медонанд, пас ба ҷойи ҷазо худашон хабари дурустро пешниҳод кунанд.
Мақомоти расмии Тоҷикистон аз ҷумла дар Вазорати тандурустӣ ба суоли “иттилои дуруст дар бораи коронавирус кадом аст” посухи аниқе надоранд.
Шикояти дутарафа, намепурсанд ва намегӯянд
Эмомалӣ Мирзоев, сухангӯи вазорат мегӯяд, расонаҳо бояд танҳо хабареро пахш кунанд, ки “таҳлилшуда” бошад. Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт: "Дар расонаҳо менависанд, ки фалон нафар аз бемории COVID фавтид. Аз куҷо мефаҳманд, оё бо ягон духтур суҳбат карданд, таърихи бемориро диданд, ки бо кадом ташхис ба қайд гирифта шудааст? Кадом жуналист мегӯяд, ки дар бораи даргузашти фалон бемор хабар нашр кардам, бар асоси таърихи бемориаш аз беморхона?"
Сухангӯи Вазорати тандурустӣ дар шароите аз журналистони тоҷик интиқод мекунад, ки дар ду моҳи шикоят аз он аст, ки вазорат на ба ҳама суолҳои рӯзноманигорон посух додааст. Бархе рӯзноманигорон мегӯянд, онҳо ба натиҷаи ҳама ташхисҳо ва бахусус ташхиси гирифторони COVID-19 дастрасӣ надоранд.
Дар аввалин ҳолатҳои марги шаҳрвандон бо нишонаҳои монанд ба коронавирус дар ноҳияи Ҷаббор Расулов мақомот гуфтанд, ки аз ҳарду тести COVID-19 гирифтанд. Расонаҳои мустақил борҳо аз вазорати тандурустӣ талаб карданд, ки натиҷаи ташхиси ду фавтида Ҳабибулло Шодиев ва Ҳоҷимуҳаммад Тошевро пахш кунанд. Аммо чунин талабҳо то ҳол бепосух ҳастанд.
Эмомалӣ Мирзоев, сухангӯи вазорати тандурустӣ аз рӯзноманигорон мехоҳад барои гирифтани иттилои аниқ “дархости журналистӣ” ирсол кунанд. Намояндагони ҷомеаи хабарнигории Тоҷикистон мегӯянд, мақомот бо ворид кардани чунин банде ба қонун талош доранд, контроли пахши иттилоъ дар бораи коронавирус дар дасти онҳо бошад ва танҳо он чизе ба ҷомеа расад, ки онҳо мехоҳанд. Аммо вазорати тандурустӣ чунин чизеро рад карда мегӯянд «иттилои алтернативӣ набояд иттилои дурӯғ бошад.»
https://www.ozodi.org/a/coronavirus-infected-tajik-journalists-rights-press/30667767.html
DPF
15.06.2020 15:22
81
Хабарҳо